Тоҷикӣ | Русский | English  

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Туркманистонро ба муносибати анҷоми маъмурияташ ба ҳузур пазируфт

10 июли соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон Чари Атаевро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияташ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо майли мутақобиларо барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Туркманистон, аз ҷумла идомаи муколамаи фаъоли сиёсӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, густариши робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву башардӯстона тасдиқ намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Ч.Атаев барои саҳми ӯ дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон изҳори миннатдорӣ намуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj