Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштирок дар чорабинии канорӣ бахшида ба мавзӯи “Гидрология ва ҷомеаҳои ба тағйирёбии иқлим тобоваранда”

10 июли 2018 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар чорабинии канорӣ бахшида ба мавзӯи гидрология ва ҷомеаҳои ба тағйирёбии иқлим тобоваранда, ки дар ҳошияи Форуми сиёсии сатҳи баланд (HLPF-2018) баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Намояндаи доимӣ дар суханронии худ ба афзоиши назарраси офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки боиси зарар дидани аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар мегарданд, таъкид намуд. М. Маҳмадаминов инчунин аз афзоиши таъсири тағйирёбии иқлим ба вазъи экологӣ дар кишвар, аз ҷумла обшавии миқдори зиёди пиряхҳо ёдовар гардид.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj