Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафир бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Сиани Чин

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Сиани музофоти Шэнси Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода дар Донишгоҳи омӯзгории музофоти Шэнси бо донишҷуёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Сиан таҳсил мекунанд, мулоқот доир намуд.

Сафир бо ишора ба таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати ҷавонон, хусусан донишҷуён, онҳоро ба хониши хубу аъло, гирифтани донишу малакаи баланд, азхуд кардани касбу ихтисосҳои барои кишвари мо муҳим ва риояи қонуну қоидаҳои кишвари иқомат даъват намуд.

Сафир ба донишҷӯён таъкид намуд, ки ҳар яки мо бояд шукри истиқлолият, тинҷиву амонии кишвар ва сулҳу ваҳдати миллиро кунем, ки айни замон фазои Тоҷикистон осудаву ором буда, мардум таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон баҳри рушду рифоҳи кишвар, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва саодати ҳар як хонадон заҳмат мекашанд.

Дар робита ба муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин Сафир қайд намуд, ки ҳамдастии ду кишвар айни замон сохтори такмилёфтаеро мемонад, ки дар заминаи мустаҳками сиёсиву иқтисодӣ, гуманитарию фарҳангӣ такя намуда, густариши фаъоли ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар ҳама арсаҳои ҳаёт таъмин мекунад.

 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj