Тоҷикӣ | Русский | English  

Cупоридани Эътимодномаи Сафири Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Ироқ

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдзода Зубайдулло Наҷот санаи 8 январи 2019 дар Қасри Саломи шаҳри Бағдод Эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Ироқ Ҷаноби Олӣ  Бархам Аҳмад Солеҳ супорид.

Баъд аз маросими супоридани Эътимоднома мулоқоти Сафир бо Президенти он кишвар сурат гирифт.
Нахуст Сафир пайёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳамтои ироқиашон расонида, аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон пирӯзии Ироқро ба гуруҳи террористии ДИИШ табрику таҳният намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ироқ дар навбати худ ба Роҳбарият ва мардуми тоҷик изҳори сипос намуда, Сафирро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин мансаб шодбош гуфта, аз Зубайдзода даъват ба амал овард, ки баҳри тақвияти муносибатҳои дуҷониба саъю талоши бештар дошта бошад.

Ҳамчунин зимни мулоқот масъалаи густариши ҳамкориҳо дар тамоми арсаҳои ҳаётан муҳим бо дарназардошти манфиатҳои дуҷониба барраси гардид.

Дар охир Президенти Ироқ аз Сафир дархост намуд, ки паёми эшонро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонад.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj