Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафир дар Додгоҳи олии Ироқ

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода бо судя ва узви Шӯрои додгоҳи олии Ироқ Ҳусом Абдукарим Юсуф, ки ваколатдори махсуси Додгоҳи олии Ироқ оид ба таҳқиқи парвандаи занон ва кӯдакони тоҷик мебошад, мулоқот намуд.

Дар рафти мулоқот роҳҳо ва масоили ҳуқуқие, ки барои баргардонидани кӯдакони тоҷик ба Ватан мусоидат мекунанд, дар фазои ҳусни тафоҳум баррасӣ шуданд. Намояндаи Додгоҳи олии Ироқ бо изҳори сипос аз талошҳои инсондӯстона ва таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қазияҳои занону кӯдакони тоҷик, ки тавассути шавҳарон ва ё волидони гумроҳ ба майдонҳои ҷанг дар Ироқ ва Сурия бурда шудаанд, омодагии мақомоти қазоии Ироқро ба ҳамкории наздик бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар наздиктарин фурсат ба Ватан баргардонидани кудакони тоҷик таъкид кард.

Намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Суди марказии таҳқиқоти ҷиноии Ироқ бо модарони кӯдакони тоҷик суҳбатҳои ҷудогона анҷом доданд ва ҳамчунин аз вазъи будубоши онҳо ва кудаконашон дар маҳбасҳо ва ятимхонаҳои Ироқ огоҳ шуданд.  

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин бо намояндагони Бунёди кудакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ироқ вазъи саломатӣ ва беҳтар намудани шароити будубоши кӯдакони тоҷик ва ҳамкориҳои ояндаро дар мавриди баргардонидани онҳо ба Ватан баррасӣ намуд. Қарор шуд, ки ҳамкорӣ ва иқдомҳои муштарак барои мушаххас намудани теъдоди занону кӯдакони тоҷик дар қаламрави Ироқ идома хоҳад ёфт.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj