Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафир бо раиси Кумитаи Жогорку Кенеш

12 феврали соли 2019 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Сӯҳроб Олимзода бо раиси Кумитаи Жогорку Кенеш оид ба корҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Қирғизистон Исҳоқ Пирматов вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ташкили сафарҳои мутақобила ва фаъолгардонии кори Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қирғизистонро  маври баррасӣ қарор доданд.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, ва фарҳангию гуманитарӣ табодули назар сурат гирифт. Ҷонибҳо тақвияти ҳамкориҳоро дар самти делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ муҳим шумориданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj