Тоҷикӣ | Русский | English  

Сафари кории соҳибкорони ватанӣ ба Шоҳигарии Белгия

11-17 феврали соли 2019 як теъдод соҳибкорони ватанӣ бо мақсади дарёфти ҳамшарикон дар самтҳои мушаххаси саноати сабук ва  истифода аз таҷрибаи андӯхта ва технологияҳои навини Аврупо, ба Шоҳигарии Белгия сафари корӣ барпо намуданд. Тӯли як ҳафта соҳибкорони ватанӣ дар шаҳрҳои Марке, Десселгем ва Ипри Белгия аз ширкатҳои машҳуру маъруфи “Вандервелле”, “Маттис” ва “Пиканол” дидан намуда, дар бахшҳои нассоҷиву бофандагӣ ва қисматҳои дигари саноати сабук музокироту гуфтушунидҳо ба анҷом расониданд.

Ин музокирот пояи амалиёти минбаъдаеро миёни соҳибкорони ду кишвар гузошт, ки ҷиҳати сохтмони корхонаҳои нав бо истифода аз  технологияҳои муосир, мусоидат хоҳад кард.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj