Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрӣ дар Донишгоҳи Вестминистр Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир

Дар таърихи 19 феврали соли 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Масуд Халифазода бо профессор Александра Хюз - муовини ректор оид ба ҳамкориҳои глобалӣ, Адриан Дотч - сардори раёсати хизматрасонӣ ва қабули довталабон ва Стивен Воллис - сардори бахши маорифи фаромилии Донишгоҳи Вестминстери Британияи Кабир баргузор гардид

Зимни мулоқот миёни ҷонибҳо масъалаҳои имконияти ба имзо расонидани санадҳои ҳамкории дуҷониба, қабул ва татбиқи барномаҳои муштарак байни донишгоҳҳо, инчунин мавзӯи роҳандозӣ намудани бурсияҳои таҳсилии он ниҳод барои Тоҷикистон муҳокима гардиданд. Ҳамзамон, аз ҷониби Сафорат китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хазинаи китобхонаи Донишгоҳи Вестминстери Британияи Кабир тақдим гардиданд.

Донишгоҳи Вестминстер яке аз донишгоҳҳои таърихии Британияи Кабир ба шумор рафта, нахуст дар соли 1838 ҳамчун Донишкадаи политехнкии Шоҳигарӣ таъсис дода шудааст. Баъдан дар соли 1992 муассисаи мазкур мақоми донишгоҳро сазовор гаштааст. Донишгоҳ аз 7 факулта ва дигар муассисаҳои таҳсилӣ иборат буда, ҳамагӣ дорои 45 кафедраҳои гуногун  мебошад.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj