Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Тоҷикистон дар Форуми сайёҳӣ дар Брюссел

Зимни пайгирии иқдомоти марбут ба идомаи "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар" 14 майи соли 2019 дар Брюссел Форуми "Тоҷикистон: сарзамини дилангез барои сайру сайёҳат", барпо карда шуд, ки дар он роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ  ва намояндагони васоити ахбори оммаи соҳаи сайёҳии Белгия ширкат намуданд.

Бахусус, ҳузури Президенти Ассотсиатсияи тур-операторони Белгия (ABT) ҷаноби Лук Коусмонт ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳии UBJET, Maxitours, TUI, Master Tour, Travel Magazin, Pagtour, Sovjetreizen, BT Tours ва як зумра ширкатҳои белгиягии амалкунанда дар ин ҷода, инчунин иштироки масъулони ширкатҳои ватании сайёҳии "The Pamirs ECO Cultural Tourism Association" ва "Javohir Tour Tajikistan", ки бо даъвату мусоидати Сафорат дар ин чорабиниӣ ширкат намуда, бо презентатсияҳои пурмуҳтаво суханронӣ карданд, ба кори Форум пешрафту муваффақият бахшид. 

 Сафири Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс ба ширкаткунандагони он дар бораи имкониятҳои сайёҳии кишвар, алалхусус мавзеъҳои ҷолиби  саёҳати он иттилои мушаххас манзур намуд.

Зимни суханрониаш ҷаноби Лук Коусмонт таъкид кард, ки Тоҷикистон аз имкониятҳои фаровони сайёҳӣ бархӯрдор аст ва дар ҳамкорӣ бо Сафорат ва ширкатҳои сайёҳии мо, метавон сайёҳони  Белгияро, ки теъдодашон ба чаҳор миллион мерасад, ба Тоҷикистон ҷалб намуд.   

Форуми сайёҳии мазкур заминаеро барои равобити зичу амалии минбаъдаи ширкатҳои ватанию Белгия, ки барои ҷалби бештари сайёҳони он кишвар ба Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард, гузошт.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj