Тоҷикӣ | Русский | English  

Дидори Муовинии якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо роҳбари ҳайати Сурия

16 майи 2019 дар Душанбе дар остонаи Конфронси  байналмилалии сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Арабии Сурия, Cафири Фавқулода ва Мухтори он кишвар дар Теҳрон Аднон Маҳмудро ба ҳузур пазируфт.  

Дар он мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун ва мавзӯъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардиданд.

Роҳбари ҳайати Сурия бо ишора ба сатҳи баланди баргузории Конфронси Душанбе ба нақши барозандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар муборизаи байналмилалӣ бо терроризм таъкид намуд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj