Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ

16 майи соли 2019 дар  Душанбе дар ҳошияи  Конфронси  сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” мулоқоти  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳайати СММ таҳти сарварии Муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои зиддитеррористии СММ ва дурнамои рушди иқдомҳои муштарак ва ҳамоҳангшударо дар самти мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj