Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон

17 майи  2019 дар Душанбе дар ҳошияи Конфронси  байналмилалии сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо атрофи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ,  дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, таъмини амният, мубориза бо терроризм, тақвияти заминаи ҳуқуқии муносибатҳо  табодули афкор намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj