Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай

17 майи 2019 дар Душанбе дар ҳошияи Конфронси  байналмилалии сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Мухриддин бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Владимир Норов баргузор гардид.

Дар  мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи созмони мазкур, аз ҷумла мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, гуманитарӣ ва ғайра мавриди мубодилаи афкор қарор гирифтанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj