Тоҷикӣ | Русский | English  

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон

КбСС намояндагии худро моҳи январи соли 1993 дар Душанбе кушаодааст. 14-уми июли соли 2003 созишнома оиди Вазъияти намояндагии КБСС миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КБСС ба имзо расида буд.

Аз замони аввали фаъолияти худ дар Тоҷикистон КБСС кори хешро бештар ба ҳал намудани мушкилиҳои башардӯстонае, ки мутаалиқ ба низои дохилӣ ва ёрӣ ба зарадидагони низоъ аст, равона карда буд.

Имрӯзҳо КБСС мувофиқи мандат ва афзалиятҳои асосии башардӯстона, ба мисоли ҳалли мушкилиҳои башардӯстона, ки мероси гузашта аст (минаҳо гумшуда), таёр ва омода будан ба ҳолатҳои фавқулода ва интишори дониш оиди ҳуқуқи башар ва принқипҳои он, дар тамоми минтақаҳои кишвар барномаҳои мухталифро амалӣ месозад.

Сентябри соли 2013 бо розигии Ҳукумати ҶТ дар Душанбе идораи КБСС барои дастгирии фаолияти башардӯстона дар Афғонистон кушода шуда буд.

Ташкилот бо Маркази миллӣ оид ба масъалаҳои минаи ҶТ ҳамкорӣ мекунад. Барои ёрӣ расонидан ба зарардидагони аз мина дар Тоҷикистон соли 2012 КБСС барномаеро таҳти унвони “Иқдомҳои микроиқтисодӣ” пешбарӣ намуда буд. Ташкилот грантҳо барои оилаҳои зарардида аз мина, ки хоҳиши ташкили ва рушди тиҷорати хурди оилавӣ дорадн, ҷудо намуд.

Соли 2010 КБСС ба кормандони тиббии водии Рашт ва ВАКБ барои тақвияти бахшидани омодасозӣ ба ҳолатҳои фавқулода ёрӣ расонид. Ба ғайр аз ин КБСС якқатор семинарҳои махсус барои хирургҳои таҷрибаомӯз ва курсҳои “Амалиеёти таъҷлии тиббӣ ба захмҳои калон”-ро барои табибони аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мегузаронад.

Ҳамчунин КБСС ба шахсони маъюб барои доштани зиндагии хуб ёрӣ мерасонад. Дар ҳоли ҳозир Хазинаи махсуси маъюбони MoveAbility КБСС ёрии техникӣ, машваратӣ ва молӣ ба омӯзиши кормандон мерасонад. Ҳамчунин Марказҳои ортопедикии ш. Душанбе ва ш.Хуҷандро бо таҷҳизоти техникӣ таъмин сохт.

КБСС дар мушкилоти шахсони гумшуда дар кишварҳои мухталиф, ба вижа дар Тоҷикистон кор мебарад.
КБСС ба Маркази миллии қонунгузории назди Ҳукумати ҶТ дар иҷроиши тадқиқот мувофиқи қонунгузории миллӣ, меъёрҳои байналмилалӣ, ки ба ҳуқуқи шахсони гумшуда ва оилаҳои онҳо тааллуқ дорад, дастгирӣ намудааст.

Барқарор намудани дастрасии оилавӣ миёни одамоне, ки аз озодӣ маҳруманд ва хешовандони онҳо, ин яке аз намудҳои анъанавии фаъолияти КБСС мебошад, ки дар бисер аз кишварҳои олам амалӣ месозад.

КБСС барои паҳн намудани дониш дар бораи ҲББ ва дигар меъерҳои башардӯстона миёни ҳукуматҳо, қувваҳои мусаллаҳ ва органҳои ҳивзи ҳуқуқ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба вижа донишгоҳҳо кумак мекунад. КБСС ба таври муназзам чорабиниҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ оид ба ҲББ барои шахсони ҳукуматӣ бо мақсади ривоҷ додани ҳолати имплементатсияи ҲББ дар сатҳи миллӣ ташкил мекунад.

КБСС ба ҶҲАТ барои рушди имкониятҳои таъмини ёрдамҳои башардӯстона дар ҳолатҳои фавқулода кӯмак мекунад, аҳолии мавзеъро оиди хатари мина ва тӯпҳои натаркида хабардор мекунад, дониш дар бори ҲББ ва принқипҳои асосии  Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар паҳн менамояд, ба шахсоне, ки аз оилаҳои худ ҷудо шудаанд, барои дастрасӣ пайдо кардан ва мубодилаи ахбор кӯмак мекунад. Барномаи омодасозӣ ба ҳолатҳои фавқулода ин аст, ки имконияти шуъбаҳои алоҳидаи ҶҲАТ, ки дар навоҳии зарардида аз ҳолати фавқулода воқеъ аст,  тавассути гузаронидани давраҳои омӯзишии махсус оид ба ёрии аввалин, қоидаи дастрасии бехатарӣ ва равишҳои гузаронидани баҳогузорӣ, дар иттиҳоди зерсохтҳои онҳо фарохтар карда шавад.


Раёсати созмонщои байналмилалӣ
сентябр 2018

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj