Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Сарвазир дар нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ

13 декабри соли 2017 дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ зери унвони “Амали ягона баҳри ҳамбастагӣ бо Байтулмуқаддас” баргузор гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода намояндагӣ намуд.

Дар суханронии Сарвазири кишвар мавқеи собити Тоҷикистон оид ба низои Фаластину Исроил бори дигар ироа гардид ва ба аҳаммияти ҳамбастагии ҷомеаи байналмилалӣ ва талошҳои созанда ҷиҳати ҳалли одилонаю фарогири қазияи мазкур таъкид сурат гирифт.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj