Тоҷикӣ | Русский | English  

Баргузории Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ

19 декабри соли 2017 дар хошияи ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири молияи Давлати Кувайт Наиф ал-Ҳаҷраф ва Вазири саноат ва савдои Давлати Кувайт  Холид Носир Абдуллоҳ Равзон доир гардид, ки дар он ҳолати кунунӣ, густариш ва дурнамои ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат ва дигар масоили барои ҳарду ҷониб муҳим мавриди муҳокима қарор гирифт.

Боиси тазаккур аст, ки дар шаҳри ал-Кувайти Давлати Кувайт ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ, таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Неъматулло Ҳикматуллозода ва Халифа Мусаид ал-Ҳамада – муовини якуми Вазири молияи Давлати Кувайт ба кори худ идома дода истодааст.

Зимни ҷаласаи гурӯҳи корӣ, ки онро аз ҷониби Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев – муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва аз ҷониби Давлати Кувайт Набил ал-Абдулҷалил – муовини Вазири молия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ роҳбарӣ менамояд, масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

-Ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод, молия ва рушд;

- Ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат, бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ;

-Ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, таҳсилоти олӣ ва авиатсияи гражданӣ;

-Ҳамкори дар соҳаи сайёҳӣ, варзиш ва иттилоот;

-Ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ ва кишоварзӣ.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj