Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус

18 декабри соли 2017 маросими супоридани нусхаи эътимоднома Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Владимир Макей баргузор гардид.

Дар мулоқоте, ки пас аз ин маросим баргузор шуд, ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Беларус дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, гуманитарӣ, инчунин рафти иҷроиши лоиҳаҳои муштарак ва созишҳои бадастомадаро дар рафти сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Беларус, баррасӣ намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj