Тоҷикӣ | Русский | English  

Паём-сармашқи фаъолият

22 декабри соли 2017 кормандони Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа   Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро якҷоя бо мароқи том тамошо карданд.

Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат, Президенти мамлакат вазъи кунунии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, таъмини рушди иқтисодиёт, саноат, энергетика, туризм ва маорифро барои соли 2018 муайян намуданд.

Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа Паёми навбатии Пешвои Миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ карда,бар асоси раҳнамудҳои он барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи мутақобилан судманд бо кишварҳои иқомат тамоми чораҳои заруриро хоҳанд андешид.

 

 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj