Тоҷикӣ | Русский | English  

«Шоми фарҳанги тоҷик» дар ш. Боку

Аз 17 то 24 декабри соли 2017 дар ш. Боку, Сафорати Тоҷикистон як зумра чорабиниҳои махсус зери унвони «Шоми фарҳанги тоҷик», ки дар онҳо сафирони кишварҳои хориҷӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими Озарбойҷон, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин фаъолони ҷамъияти тоҷикони Ҷумҳурии Озарбойҷон ширкат варзиданд.

Дар ҳошияи ин чорабиниҳо, таърихи ғании халқи тоҷик, фарҳанг, санъат, мусиқӣ, асбобҳои мусиқии халқӣ, рақси миллӣ, таомҳои миллии тоҷикон, китобҳо оид ба Тоҷикистон, инчунин иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.

Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ таваҷҷӯҳи махсус ба соли ҷавонон равона шуда буд.

Чорабинӣ бо оҳангу сурудҳои миллӣ ва рақс доир гардид.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj