Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафир бо Раиси Кумитаи сармоягузории Саудӣ

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Раиси Кумитаи сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Иброҳим ибни Абдурраҳмон ал – Умар  мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба зарурати фаъол намудани Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникӣ ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки дар моҳҳои наздик ҷаласаи дуюми ин комиссия ва форуми иқтисодию сармоягузорӣ бо иштироки соҳибкорони ду кишвар дар шаҳри Риёз баргузор карда шавад.

Хотиррасон бояд намуд, ки Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ аз ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аст.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj