Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Юе Бин

20 феврали соли 2018  мулоқоти Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ   бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юе Бин доир гардид.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои мубрами густариши робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин, ҳамкории ду кишвар дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj