Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар конфронси Давҳа оид ба муколамаи динҳо

Рӯзҳои 20-21 феврали соли 2018 дар пойтахти Давлати Қатар 13-ум ҳамоиши байналмилалии Давҳа оид ба муколамаи динҳо зери унвони “Дин ва ҳуқуқи инсон” баргузор шуд, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзид.

Пайравони динҳои ислом, масеҳӣ ва яҳудӣ аз 67 кишвари  ҷаҳон, бо таваҷҷуҳ ба афзоиши низоъҳо дар заминаи ихтилофоти мазҳабӣ, роҷеъ ба зарурати ҳамзистии динҳо ва фарҳангҳои мухталиф, тақвияти нақши созандаи муқаддасоти динӣ барои пешрафти ҷомеа ва таъмини сулҳу суботи байналмилалӣ, таъмини ҳуқуқи динӣ ва роҳҳои муассири пешгирӣ аз ифротгароӣ ва фаъолиятҳои тахрибие, ки бо истифода аз номи дин ва арзишҳои муқаддас барои татбиқи ғаразҳои нопоки сиёсӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон мушоҳида мешавад, суханронӣ ва табодули назар карданд.

Дар ҷаласаҳои конфронс аъзои ҳайати Тоҷикистон дар робита ба рушди ҳаёти босуботи иҷтимоию фарҳангии кишварамон, дастовардҳои назаррас дар ин самт, тадбирҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи динию мазҳабии шаҳрвандон андешидааст, таҷрибаи ҳамзистии намояндагони адёну фарҳангҳои мухталиф дар Тоҷикистон, таблиғи симои созандаи Ислом ва тақвияти нақши арзишҳои асили он дар таъмини суботи ҷомеа ва пешрафти он ва инчунин оид ба талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ суханронӣ намуданд.

Дар ҳошияи конфронси мазкур Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маркази байналмилалии Давҳа оид ба муколамаи динҳо ва Маркази исломшиносии назди Дастгоҳи Преиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Санади мазкурро Раиси Маркази мазкур доктор Иброҳим Солеҳ ал-Наимӣ ва Директори Маркази исломшиносии Тоҷикистон Файзулло Баротзода имзо карданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj