Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷашни 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остона

Вобаста ба таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 феврали соли 2018 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон пазироии  расмӣ баргузор намуд.

Дар пазироӣ намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон, сафирон ва атташеҳои ҳарбии муқими Қазоқистон, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва ҷамъияту ташкилотҳои кишвари иқомат, намояндагони диаспораи тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ ширкат варзиданд.

Зимни суханронии худ, Сафир дастовардҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар даврони солҳои Истиқлолият қайд намуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj