Тоҷикӣ | Русский | English  

Конфронси илмӣ-фарҳангии таҳти номи “Наврӯз дар Тоҷикистон” дар Файзободи Афғонистон

17-уми марти соли 2018 бо ибтикори Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии ЮНЕСКО ворид кардани Иди «Наврӯз»; ибтикори ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-2018-2028, “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, конфронси илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Наврӯз дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар ҳамоиши номбурда, роҳбарият ва сардорони раёсатҳои дахлдори ҳукумати вилояти Бадахшон ва шаҳри Файзобод, намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар вилояти Бадахшон, ректори Донишгоҳи шаҳри Файзобод, намояндагони “Иттиҳоди пешаварони Бадахшон”, ширкати сангсозӣ, ташкилотҳои байналмилалии муқими вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистон: ташкилоти СММ доир ба масъалаҳои ёрӣ ба барқарорсозии Афғонистон дар шимоли ҶИА; муассисаи ғайридавлатии Норвегия ва Бунёди Оғохон, бахши намояндагии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар вилоятҳои Қундуз, Тахор ва Бадахшон, ҳодимони илму фарҳанг ва ҳунармандон иштирок карданд.  

Дар оғози ҳамоиш сурудҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон садо дода, муовини Раиси вилояти Бадахшон, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон, сардори раёсати фарҳангии Ҳукумати Бадахшон, намояндаи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар шимолу шарқи ҶИА, доир ба Иди Наврӯз, таъриху забон, фарҳангу анъанаҳои миллии муштарак, робитаҳои рӯ ба инкишофи дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон ва нақши кишварамон барои таъмини сулҳу суботи пойдору рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон суханронӣ намудаанд.

Дар фарҷоми қисмати ифтитоҳии ҳамоиш, консули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Файзобод ҳамаи иштирокчиёнро ба намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Бадахшон хайрамақдам гуфта, доир ба Иди Наврӯз, ки бо баробар гаштани рӯзу шаб фаро мерасад ва онро мардуми мо аз қадим ҳамчун иди суннатии соли нав, ҳаёти нав ва умеду орзуҳои нав ҷашн мегирифтанд, суханронӣ намуд.   

Баъд аз қисми расмии чорабинӣ филми мустанад оид ба ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон манзур шуда, ҳунарҳои мурдумӣ, ғизо ва либоси миллии Тоҷикистону Афғонистон ба иштирокчиёни ҳамоиш муаррифӣ шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ ба ҳамаи меҳмонон дастурхони наврӯзӣ пешниҳод гардид.    

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj