Тоҷикӣ | Русский | English  

Таҷлил ҷашни Наврӯзи аҷам бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар Дубай

23 марти соли 2018 дар бинои Консулгарии генералӣ дар Дубай бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай,  ҷашни Наврӯзи аҷам бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.

Дар чорабинии мазкур шумораи зиёди ҳамватанони бурунмарзӣ, донишҷӯён ва ҷавонони тоҷики муқими АМА иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинии идона Сафири Тоҷикистон дар АМА Б.Шарифӣ ҳозиринро ба муносибати Иди Наврӯзи хуҷастапай самимона табрик намуда, аҳмияти ин иди миллию аҷдодиро, ки имрӯз ҷаҳонӣ гардидааст, таъкид намуд.

Баҳри гиромидошти урфу одатҳои идонаи аҷдодӣ саҳни ҳавлии Консулгарии генералӣ бо нигораҳои миллӣ сӯзанию чакан ва шиору овезаҳои наврӯзӣ оро дода шуда буд. Инчунин барои ҳозирин дастурхони идонаи наврӯзӣ бо суфраи «Ҳафт син ва Ҳафт шин» ва анвоъи гуногуни таъомҳои миллӣ густурда шуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj