Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Раиси шаҳри Минск

Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус 27 марти соли ҷорӣ мулоқоти Маҳмадшариф Ҳақдод бо Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск Андрей Шоретс сурат гирифт.

Дар рафти суҳбат таҳким ва рушди ҳамкориҳои мутақобила байни шаҳрҳои Душанбе ва Минск дар самтҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтан.

Ҳамзамон, ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва густариши заминаи шартномавию ҳуқуқӣ, инчунин ҳамкории мутақобила баҳри рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва фарҳанг мубодилаи афкор намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj