Тоҷикӣ | Русский | English  

Таҷлили Иди Наврӯз дар шаҳри Алмаато

27 марти соли 2018 бо ташаббуси Консулгарии генералӣ дар якҷоягӣ бо ташкилоту  ҷамъиятҳои тоҷикони муқими шаҳри Алмаато ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкури Консулгарии генералӣ гӯшаи фарҳангӣ иборат аз маҳсулоти гулдӯзӣ, сӯзанӣ, маводҳои таҷассумгари  фарҳанг ва таърихи миллӣ, инчунин суфраи Наврӯзӣ бо хӯрокҳои миллӣ ороста кард. Илова бар ин, барои муаррифии фарҳанги миллӣ бо мусоидати Консулгарии  генералӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи ҳунарии Б.Саидова  ба шаҳри Алмаато ташриф оварданд, ки бо маҳорати хеш ба маҳфил шукуҳу шаҳомати  хоса бахшиданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj