Тоҷикӣ | Русский | English  

Таҷлили ҷашни байналмилалии Навруз дар шахри Екатеринбург

25  марти соли 2018 дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони ҳавзаи консулӣ дар Қасри  фарҳангии шаҳри Екатеринбург-“Железнодорожный” ҷашни байналмилалии  Наврӯз  баргузор гардид.

Дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯз бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, барои иштироккунандагон ва меҳмонони воломақоми кишвари иқомат бо иштироки ВАО-и маҳаллӣ намоиши ҳунарҳои миллӣ ва барномаи фарҳангӣ ташкил шуд.

Бо мақсади муаррифии сазовори Ватани азизамон-Тоҷикистон дар баробари намунаи ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин аксҳо бо ишораи рамзи Наврӯз, табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва дастовардҳои назарраси кишвари маҳбубамон, китобҳо оид ба таърих ва фарҳанги ғании миллатамон, барномаи консертӣ ва маводҳои таблиғотӣ доир ба рушди сайёҳии кишвар ба маърази иштироккунандагони ҷашнвора манзур гардид.

Маврид ба зикр аст, ки дар таҷлил ва баргузории Наврӯзи хуҷастапай ҳамаи фаъолон ва роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон аз шаҳрҳои Екатеринбург, Челябинск, Магнитогорск,Тюмен, Нижневартовск, Ханти-Мансийск, Сургут ва  донишҷӯёни тоҷик аз макотиби таҳсилоти олии шаҳри Екатеринбург фаъолона ширкат намуда, бо пешниҳоди барномаҳои фарҳангии омоданамудаи хеш ва ҳунарҳои мардумии тоҷикони муқими кишвари иқомат ҷашнвораи мазкурро боз ҳам рангину дилчасп ва мавриди писанди ҳозирин гардониданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj