Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон

11 октябри соли 2018 дар остонаи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон хонум Сушма Свараҷ баргузор шуд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, низомӣ, кишоварзӣ ва инчунин вазъияти Афғонистон, амнияти минтақа ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.

Табодули назари судманд оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкории Шанхай сурат гирифт.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj