Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Покистон

12 октябри соли 2018 дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ баргузор шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистонро дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкории Шанхай табодули назар сурат гирифт.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj