Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай

11 октябри соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Рашид Олимовро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и кишварҳои аъзои СҲШ, ки баргузории он 11-12 октябри соли 2018 дар ш.Душанбе дар назар аст, баррасӣ гардид.

Қайд гардид, ки тайи давраи раисии Тоҷикистон дар Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и кишварҳои аъзои Созмон 72 чорабинии гуногунсатҳ баргузор гардидааст.

Инчунин оид ба омода будани Тоҷикистон барои қабули меҳмонони олиқадр ва баргузории Шӯро дар сатҳи лозима таъкид карда шуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj