Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Эрон

11 октябри соли 2018 дар остонаи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муртазо Сармадӣ доир гардид.

Зимни мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамзамон миёни ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкории Шанхай мубодилаи афкор сурат гирифт.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj