Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Тоҷикистон дар Конфронси умумии ИСЕСКО

11-12 октябри 2018 дар қароргоҳи Созмони исломии омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангӣ (ИСЕСКО) дар Работ, Подшоҳии Марокаш 13-умин иҷлоси Конфронси умумии он созмон, ки “Қудси Шариф” номгузорӣ шуда буд, баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сафири ғайримуқими кишвари мо дар Марокаш Хусрав Нозирӣ намояндагӣ намуд.

Бо пешниҳоди Мудири кулли ИСЕСКО Абдулазиз ат-Тувайҷирӣ дар Конфронси умумӣ пешнависи Барномаи амали сесола (2019-2021) ва пешнависи Барномаи роҳбурдии миёнамуддат (2019-2027) баррасӣ гардида, ба тасвиб расиданд. Дар он санадҳо иқдомҳои баъдии созмон дар ояндаи наздик муайян шудаанд.  

Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ аз таҷрибаи самарноки ҳамкории кишвари мо бо ИСЕСКО ёдовар шуда, омодагӣ ва рағбати кишвари моро ба густариши бештари робитаҳо бо Созмони исломии омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дар чаҳорчӯби аҳдофу барномаҳои он созмон таъкид намуд. Қобили зикр аст, ки имсол ба пайвастани Тоҷикистон ба ИСЕСКО расо 25 сол пур мешавад.

Дар Работ қарор шуд, ки иҷлоси чаҳордаҳуми Конфронси умумии ИСЕСКО дар Куала-Лумпур, Малайзия дар нимаи дувуми соли 2021 баргузор гардад.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj