Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафир бо Мудири кулли ширкати Ал-Бавонии Саудӣ

16 октябр Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Мудири кулли ширкати Ал-Бавонӣ Фахр Абдулмуъин Ал-Бавонӣ мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ташкили ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ бо Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Ҳарду ҷониб бо ҳавасмандӣ таъкид доштанд, ки аз имкону захираҳои фаровони мавҷуда истифода бояд кард.
Хотиррасон бояд намуд, ки Ал-Бавонӣ яке аз бузургтарин ширкатҳои хусусии Саудӣ буда, дорои доираи васеъи фаъолияти сохтмонӣ ва тиҷоратию сармоягузорӣ мебошад.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj