Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯриҳои Сафир бо Ректори Донишгоҳи Мадина ва донишҷӯёни тоҷик

17 октябр Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Ректори Донишгоҳи исломии Мадинаи мунаввара доктор Ҳотам ибни Ҳасан Алмарзуқӣ мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ, робитаҳои илмию фарҳангӣ, роҳҳои пешгирӣ аз андешаҳои ифротию тундравӣ, терроризм ва гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои радикалӣ баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, дар Донишгоҳи Мадинаи мунаввара, ки дар он ба ҳайси як донишгоҳи байналмилалӣ донишҷӯён қариб аз тамоми кишварҳои ҷаҳон таҳсил мекунанд, ба масоили таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоишта миёни намояндагони дину мазҳабҳои гуногун ва ҳамчунин ба ҳифзи оромию суботи сиёсӣ ҳамеша таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад.

Бегоҳии ҳамон рӯз Заробиддин Қосимӣ бо донишҷӯён ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар  минтақаи Мадинаи мунаввара таҳсил ва кору зиндагӣ мекунанд, мулоқот намуд, ки зимни он доир ба дастовардҳои даврони истиқлоли Тоҷикистон, омӯзиши илмҳои замонавӣ, тарғиби фарҳанги сулҳсозӣ ва инсондӯстии тоҷикон ва хизмати шоиста ба Ватан суҳбати ҷолиб баргузор шуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj