Тоҷикӣ | Русский | English  

Супоридани нусхаи эътимоднома ба Муовини Вазири корҳои хориҷии Япония

19 ноябри соли 2018 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҷалолов Мирзошариф Асомуддинович нусхаи Эътимодномаи худро ба Муовини Вазири корҳои хориҷии Япония ҷаноби Такео Акиба супорид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва натиҷаи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Япония (3-5 октябри соли 2018) табодули назар намуданд.

Такео Акиба Сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ барои амалӣ намудани рисолати дипломатӣ комёбиҳо орзу намуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj