Тоҷикӣ | Русский | English  

Шоми фарҳангии “Россия-Чин-Тоҷикистон: фарози гуфтугӯйи фарҳангӣ” дар Пекин

16 ноябри соли 2018 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин, Маркази фарҳангии Россия дар Пекин, Сафорати Федератсияи Россия дар Чин, ҳамчунин Ҷамъияти  дӯстии халқҳо бо кишварҳои хориҷии Чин дар толори маҷлисгоҳи Маркази фарҳангии Россия дар шаҳри Пекин чорабинии калони фарҳангӣ таҳти унвони “Россия-Чин-Тоҷикистон:фарози гуфтугӯйи фарҳангӣ” доир гардид.   

Дар чорабинии мазкур, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони корпуси дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай, олимон ва мутахассисони соҳаи илму фарҳанг, кормандони марказҳои пажӯҳишӣ, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои олии кишвари иқомат, намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ва русҳои муқими шаҳри Пекин иштирок намуданд.

Тибқи барномаи чорабинӣ сафирони Тоҷикистону Россия, аҳли илму фарҳанги Тоҷикистон, Россия ва Хитой бо маърӯзаҳои худ баромад карданд.

Сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода зимни суханронӣ  изҳор дошт, ки  Тоҷикистону Чин ва Россия – кишварҳои дорои осори бузургу беҳамтои фарҳангӣ буда, ин муштаракот метавонад асоси ҳамойиш ва ҳамкориҳои судманди онҳо бишавад.

Дар остонаи чорабинӣ, шоми 15 ноябри соли 2018 дар ҳошияи барномаи “Россия-Чин-Тоҷикистон: фарози гуфтугӯйи фарҳангӣ” дар шаҳри Пекин намоиши филми коргардони  тоҷик Шарофат Арабова “Тасфия”, ки аз рӯи асари нависандаи  тоҷику рус Т. Зулфиқоров бардошта шудааст,  ба намоиш гузошта шуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj