Тоҷикӣ | Русский | English  

Рушди туризм дар маърази диққати хабарнигорони Олмон

16 ноябри соли ҷорӣ мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо Роҳбари Ассотсиатсияи хабарнигорони соҳаи туризми Олмон “CTOUR” ҷ-би Ҳанс-Петер Гаул баргузор гардид.

Зимни мулоқот имкониятҳои истифодаи зарфиятҳои ташкилоти “CTOUR” дар самти муаррифии захираҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Олмон ва дар ин замина ҷалби таваҷҷуҳи бештари сайёҳони олмонӣ ба Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Ассотсиатсияи хабарнигорони соҳаи туризми Олмон бо назардошти талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти беҳтарсозии инфрасохторҳои сайёҳӣ ва таваҷҷӯҳи сайёҳони Аврупо ба Тоҷикистон тасмим дорад, дар арафаи ҷашни Наврӯз як гурӯҳ журналистону хабарнигорони соҳаи туризмро ҷиҳати шиносоӣ бо имконоту зарфиятҳои сайёҳӣ, инъикоси он дар ВАО-и Олмон, инчунин ҷиҳати баргузор намудани омузиш бо журналистони бахши сайёҳии тоҷик ба Тоҷикистон сафарбар намояд.

Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба баргузории чорабиниҳои муштарак дар пешманзари Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ITB Berlin 2019 мубодилаи афкор анҷом доданд.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҳавасмандии ҷонибиҳо ҷиҳати  ба роҳ мондани ҳамкории судманд изҳор карда шуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj