19 ноябри соли 2108 Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Низомиддин Зоҳидӣ нусхаи эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея (ҶХДК) (бо иқомат дар ш.Москва) ҷаноби Ким Хен Ҷунро қабул намуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишварро дар дурнамои наздик, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо инчунин доир ба ҳамкориҳои ду кишвар дар ҷаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.