Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Котиби давлатии назди Вазири Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса

18 апрели 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳайати расмии Фаронсаро таҳти роҳбарии Котиби давлатии назди вазири Аврупо ва корҳои хориҷии он кишвар Жан Батист Лемуана, ки дар чаҳорчӯби сафари минтақавии худ ба Душанбе ташриф овард, пазируфт.

Дар рафти вохӯрӣ доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Фаронса, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, маориф, илму фарҳанг ва сайёҳӣ муҳокима гардид.

Ҷонибҳо аҳаммияти ба кор супоридани бурҷи нави муроқибат дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, инчунин ифтитоҳи намоишгоҳи фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистонро дар Осорхонаи миллии ҳунарҳои шарқии Фаронса – Гиме дар моҳи ноябри соли 2019 таъкид карданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj