Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо

17 майи 2019 дар Душанбе дар остонаи Конфронси  байналмилалии сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Мухриддин бо Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии  Иттиҳоди Аврупо Педро Серанно мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҷанбаҳои калидии шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, амният ва ҳамкориҳои минтақавӣ табодули назари судманд доштанд.

Дар рафти сӯҳбат ҳамчунин масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ, аз ҷумла вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва мавзӯъҳои байналмилалӣ мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардиданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj