Тоҷикӣ | Русский | English  

Сайёҳӣ


Нишондодҳои асосии соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҷойгиршавӣ: Осиёи Марказӣ

Масоҳати умумӣ: 142,6 кв. км.93%-ро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо давлатҳои Афғонистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Хитой ҳамсарҳад мебошад

Иқлим: минтақаи хушк, зиёда аз 300 рӯзи офтобӣ дар як сол

Захираҳои обӣ: тақрибан 1000 дарё, 2000 кӯл, 8000 яхчашмаҳо

Мероси фарҳангиву таърихӣ:қисми РоҳиБузурги Абрешим, шаҳри қадимаи«Саразм» ва Боғи миллӣ дар Руйхати Меросҳои Ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудаанд

Навҳои фаъолияти сайёҳӣ:кӯҳнавардӣ, варзишикӯҳӣ, лижарониикӯҳӣ, этнографӣ, шикор, табобатӣ

Гирифтани раводид: дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе ва Хуҷанд ба шаҳрвандони 80 давлати ҷаҳон раводиди сайёҳӣ дода мешавад

Ширкатҳои ҳавопоймони байналмилалӣ: Turkish Airline, Fly Dubai, China South Airlines, Kam Аir, Osmon Air, Utair, Ural Airlines, Sibir Airllines

Меҳмонхонаҳои байналмилалӣ:Hyatt Regency, Sheraton Hotels,Serena Hotels

Марзи Тоҷикистон аз замонҳои қадим дар шоҳроҳҳои бузург ва муҳими таърихӣ ҷойгир буд, ки Ғарб ва Шарқро ба ҳам мепайваст. Ин минтақа дар табодули мол ва фарҳанги ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозид ва аз қадим Бохтару Тахористон, Чағониён, Шумон, Аҳорун, Қабодиён, Вахш, Ҳутал, Рашт, Қумод, Дарвоз, Ванҷ, Рушон ва Ваҳон), Суғд, Истаравшан ва Фарғонаро бо Ҳиндустон, Афғонистон ва Чинро ба ҳам мепайваст. Роҳи бузурги Абрешим натанҳо ҳамчун роҳе буд, ки барои савдову тиҷорат миёни ғарб ва шарқ муҳим буд, балки онҳоро дар атрофи ғояҳои ягона, фарҳанг ва инсонҳо наздиктар менамуд.
 

Тоҷикистон муосир - кишвари кӯҳиест, ки дар баландии аз 300 то 7495 аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. 93%-и марзи кишварро қаторкӯҳҳое ташкил медиҳанд, ки ба силсила кӯҳҳои Помир, Ҳисору Олой ва Тян-шан тааллуқ доранд. Ин қаторкӯҳҳо бо водиҳои бузург ва зархези Фарғона, Зарафшон, Вахш ва Ҳиссор аз ҳам ҷудо карда шудаанд. Баландиҳои мушкилгузари сарзамини Тоҷикистон табиати бе ин ҳам бои кишварро боз ҳам ғанитар ва дилработар мегардонад.

Тоҷикистон-сарзамини қӯллаҳои баланд, яхчашмаҳои бузург, дарёҳои гарму ҷушони бузург, кӯлҳои такрорнашавндаи ҷаҳони, хайвонотҳои ғайриоддии камёфт. Асосан куҳҳои ошёнадори ландшафт табиати зебои Тоҷикистонро инъикос мекунад, боигарии шакли о