Тоҷикӣ | Русский | English  

Барқияи табрикии Президент ба Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё

31 январи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Сарфарозам Шуморо ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Финляндия ва муҷаддадан интихоб шуданатон ба ин маснади олии давлатӣ табрику таҳният гӯям.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, саломативу комёбиҳо ва барои мардуми Финляндия амонӣ, рифоҳу шукуфоии бештар орзумандам.

Мо ба густаришу таҳкими равобити ҳасанаи гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Финляндия манфиатдорем ва итминон дорем, ки ҳамкориҳои васеъ ва судманди ҷонибҳо ба манфиатҳои аслии халқҳои ҳар ду кишвари дӯст мебошад.

Умедворам, ки дар давраи нави раҳбарии Шумо бо саъю кӯшишҳои муштараки мо муносибатҳои Тоҷикистону Финляндия ба зинаҳои нави рушд хоҳанд расид».

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj