Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД (11.06.2018, ш. Алмато)

11 июни соли 2018 дар шаҳри Алмато ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гашт, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.

Дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД доираи васеи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карда, доир ба масоили ҷорие, ки дар рӯзномаи созмон дар марҳилаи муосир матраҳ гаштаанд, мубодилаи афкор намуданд.

Зимни суханронии худ дар ҷаласа, Вазири корҳои хориҷӣ самтҳои афзалиятноки Тоҷикистонро дар доираи СААД қайд карда, вазъи мушкили амниятии ҳозираро дар қаламрави Афғонистон бавежа таъкид намуд.
Дар интиҳои ҷаласа бастаи санадҳои нав ба имзо расид, ки он барои баррасӣ зимни ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД пешниҳод мегардад.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj