Тоҷикӣ | Русский | English  

Имзои созишнома бо Коллеҷи Чиндао

9 июни соли 2018 дар доираи сафари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чин ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Чиндао Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Коллеҷи касбӣ-техникии идоракунии меҳмонхонаҳо ба имзо расид.

Тибқи ин санади ҳамкорӣ минбаъд Коллеҷи касбӣ-техникии идоракунии меҳмонхонаҳои Чиндао барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони хубу варзида дар самтҳои хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, менеҷменти меҳмонхонаҳо ва санъати меҳмондорӣ, ошпазҳо ва пешхизматҳои касбӣ омода хоҳад кард.

Ёддошти ҳусни тафоҳумро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва роҳбари Коллеҷи касбӣ-техникии идоракунии меҳмонхонаҳои Чиндао Ҷианг Юпэн ба имзо расонданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj