Тоҷикӣ | Русский | English  

Рушди ҳамкориҳо байни осорхонаҳои Тоҷикистон ва Қатар

11 феврали соли 2018 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Мудири иҷроии Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар (Qatar Museums Authority) Мансур бин Иброҳим Оли Маҳмуд мулоқот намуд.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои осорхонашиносӣ ва ҳифзи мероси фарҳангию таърихӣ баррасӣ шуданд.  Дар ин замина ҷонибҳо зарурати табодули мутахассисон ва таҷриба дар соҳаи мудирияти осорхонаҳо, танзими давраҳои омӯзишӣ  ва инчунин аҳамияти ташкили намоишгоҳҳои муштараки осори фарҳангию таърихиро дар тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи мардумони Тоҷикистону Қатар таъкид намуданд.

Идораи осорхонаҳои Қатар омодагии худро барои таблиғ ва муаррифии меросии ғании фарҳангу ҳунари мардуми тоҷик дар осорхонаҳои Қатар иброз намуд ва аз пешниҳоди имзои созишномаи ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” истиқбол кард.



© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj