Тоҷикӣ | Русский | English  

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар ба итмом расидани маъмурияташ ба ҳузур пазируфт

9 феврали соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоқосим Шоисломовро бинобар ба итмом расидани маъмурияташ ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро  баррасӣ намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барои фаъолияти касбии тӯлонӣ ва саҳми назаррас дар таҳкими муносибатҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Шоқосим Шоисломов  миннатдорӣ баён намуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj