Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ

10 ноябри соли 2017 дар шаҳри Самарқанд мулоқоти хосаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ хонум Федерика Могерини баргузор гардид.

Дар меҳвари мулоқот муҳокимаи масъалаҳои муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, аз қабили амният, рушди иқтисодӣ, ҳуқуқи инсон ва Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ қарор гирифта, илова бар ин мусоҳибон дар мавзӯи ҳамкориҳои судманд дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ бо Ф.Могерини мавзӯи татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 низ матраҳ гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин ҳавасмандии хешро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо иброз намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj