Тоҷикӣ | Русский | English  

Баргузории мусобиқаи футбол дар Қоҳира ба истиқболи Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон

10 ноябри 2017 дар Қоҳира бо иштироки шаҳрвандони тоҷики муқими Миср мусобиқаи футбол сурат гирифт, ки онро Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср ба истиқболи 23-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи кишвар баргузор намуд. Дар маросими ифтитоҳ дипломатҳои Сафорат ширкаткунандагони мусобиқаи футболро ба муносибати ҷашни мазкури кишвар табрик карда, ҷойгоҳи таърихии қонуни асосиро дар ташаккул ва такомули давлатдории навини тоҷикон таъкид намуданд. Ба дастаи пирӯз аз номи Сафорат ҷоизаи вежа тақдим гардид.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj