Тоҷикӣ | Русский | English  

Барқияи тасаллияти Президент ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари заминларзаҳо дар вилояти Кирмоншоҳ ва дигар минтақаҳои ғарбии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки боиси ҳалокату захмӣ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.

Аз номи худ ва тамоми халқи Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба мардуми дӯсти Эрон изҳор намуда, ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон тасаллиёти самимии хешро арз менамоям ва аз даргоҳи Худованди мутаъол барояшон сабри ҷамил хоҳонам. Ба осебдидагон шифои комил орзумандам».

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj